ИЛМИ МУОСИР БОЯД БА РУШДИ ИҚТИСОД МУСОИДАТ КУНАД
ҚӮРҒОНТЕППА, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа Фестивали дӯстии ҷавонони вилояти Хатлон таҳти шиори «Ҷавонон- давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» оғоз шуд. Дар доираи фестивали мазкур ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи Шӯро муовинони раиси вилояти Хатлон, роҳбарони муассисаҳои олии вилоятӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон, олимони ҷавон, муҳаққиқон ва аъзои Шӯро ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки иштироки ҷавонон ва олимони ҷавон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар муҳим буда, он ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа мусоидат мекунад. «Хуб мешуд олимони ҷавон дар самти иқтисодиёт ва технологияи муосир навоварӣ эҷод мекарданд. Зеро замони муосир ниёз ба навоварию инноватсия дорад»,-гуфт Д. Гулмаҳмадзода.
Дар доираи Фестивал, ки ду рӯз идома меёбад, 150 нафар ҷавонони вилоят иштирок намуда, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтару Ҷалолиддини Балхӣ силсилавохӯриҳо мегузаронанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






