Имкониятҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ гардиданд

Октябрь 4, 2017 18:25

ДУШАНБЕ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл вохӯрии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Им Сон Нам баргузор гардид.

Дар оғоз ҷонибҳо 25-умин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубиро табрик гуфта, аз имконияту захираҳои истифоданагардидаи ҳарду кишвар ёдовар шуданд.

Зимни вохӯрӣ муовини Сарвазири мамлакат ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷалби сармоя, корхонаҳои бонуфузи саноатии Кореяи Ҷанубӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак барои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии тарафҳо  баён намуд.

Им СонДар радифи дигар имкониятҳо тарафҳо тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кореяро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ низ мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин ба муовини Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи “муҳоҷирати меҳнатӣ ” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ҷониби Кореяи Ҷанубӣ изҳор намуд, ки ҷиҳати баррасии лоиҳаи Созишнома Комиссияи корӣ таъсис дода шуда, масъала мавриди баррасӣ  қарор мегирад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат гирифт.

Вохӯрии тарафҳо дар фазои якдигарфаҳмию дӯстона баргузор гардид.

 

 

Октябрь 4, 2017 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд