«Ҳимояи Ватан — рисолати мост!»-маъракаи гусели наваскарон дар шаҳри Панҷакент
ПАНҶАКЕНТ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» иқдоми «Ҳимояи Ватан- рисолати мост!» амалӣ гардида, маросими сафарбарнамоии аввалини наваскарон доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Некрӯзи Муҳаммадсодиқ хабар дод.
Ба иттилои номбурда, маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар он раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону наврасон ва падарону модарон иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш Ислом Зиёзода иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавонмарди тоҷик мебошад. Мавсуф аз наваскарон даъват намуд, ки зимни хизмат ҳар порча замини Тоҷикистонро ҳимоя намуда, ба назди волидонашон бо сари баланд баргарданд.
Волидайни наваскарон барои хизмати шоиста кардан ба Ватан ба фарзандонашон роҳи сафед хостанд. Дар охир ба сарбозон ва волидайни онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Маросими сафарбарнамоӣ бо намоиши барномаи фарҳангӣ баҳри сарбозону наваскарон хотима ёфт.











Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






