Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи ошкорои парлумонӣ сурат гирифт

Октябрь 27, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ   муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа танҳо як масъала- иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Абдуҷаббор Азизӣ оид ба ин масъала иброз намуд, ки рушди босуботи  кишвар маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти ташаккули Буҷети давлатӣ        вобастагӣ дошта, иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои  муҳими мақомоти дахлдор ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву            имкониятҳоямонро  барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем. Яъне, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои  нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ  тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад».

Дар ин замина вазифаи тамоми  мақомоти давлатӣ аз он иборат аст, ки истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ таъмин карда шавад.

Албатта, дар татбиқи сиёсати буҷети давлатӣ баланд   бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад ва дар доираи  стратегияи ягонаи идоракунии молиявӣ натиҷагирии истифодаи       ҳадафмандонаи захираҳои буҷетӣ масъалаи муҳим ба шумор меравад.

Мачлиси намояндагонОид ба ин масъала раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода зикр намуд, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ, дар 9 моҳи соли равон 32 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро аз рӯи контингенти умумии даромадҳо (бо назардошти андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ) дар назди буҷет таъмин накардаанд.

Дар ин робита, иҷрои қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ дар нуҳ  моҳи соли 2017 дар доираи иҷрои воқеии даромадҳои буҷет ба роҳ монда шуда, ба андозаи 91,3 фоизи нақшаи нуҳмоҳа таъмин гардида, ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар зиёда аз 13,8 млрд. сомонӣ равона карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои пардохти музди меҳнат зиёда аз 3,2 млрд. сомонӣ, инчунин барои идрорпулӣ, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 1,9 млрд. сомонӣ равона карда шудааст.

Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявӣ (дотатсия) 623,5 млн. сомонӣ ва барои иҷрои функсияи пойтахт– 9,0 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ 632,5 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки ин 17,0 фоизи хароҷоти воқеии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ташкил медиҳад.

Аз рӯи маълумоте, ки ба Вазорати молия аз мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод гардидааст, то 10 октябри соли равон дар буҷетҳои маҳаллӣ қарздории фонди музди меҳнати моҳҳои июл — август 11054,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, музди меҳнат 8452,9 ҳазор сомонӣ ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 2601,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, қарздории фонди музди меҳнат дар шаҳри Ваҳдат 7813,3 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла, музди меҳнат 5859,9 ҳазор сомонӣ ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 1953,4 ҳазор сомонӣ) ва дар шаҳри Турсунзода – 3241 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла, музди меҳнат 2593,0 ҳазор сомонӣ ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 648,0 ҳазор сомонӣ) мебошад.

Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, аз ҷониби аудити дохилии Вазорати молия корҳои муайяни назоратӣ гузаронида шудаанд, ки дар натиҷа камбудиҳо ба маблағи 14,5 млн. сомонӣ ошкор карда шуд.

Зимни аудит ва таҳлилҳои гузаронидашуда аз маблағи зарари молиявӣ 10,5 млн.  сомонӣ ё 72,5 фоиз барқарор карда шуд- 8,1 млн. сомонӣ ба буҷет ва 2,4 млн. сомонӣ ба корхонаҳо.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 1313,0 млн. сомонӣ аз худ гардидааст, ки аз ин маблағҳои қарзӣ – 414,9 млн. сомонӣ ва маблағҳои грантӣ – 898,1 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Танҳо дар нуҳ  моҳи соли равон 15  созишномаи қарзию грантӣ оид ба татбиқи 11 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 525,8 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он маблағҳои грантӣ – 131,9 млн. доллар ва маблағҳои қарзӣ – 393,9 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома ҳамчунин дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода,  муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода, муовини якуми  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода сухан гуфтанд.

Дар анҷоми ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ аз рӯи масъалаи муҳокимашудаи рӯзнома тавсияҳои парлумонӣ ва қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

Октябрь 27, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Остона бо фаъолияти технопарки байналмилалии Астана Хаб шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар пояи маҷмааи «Муҳофизони Ватан»дар Остона гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон оғоз шуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин густариш меёбад
Шунавандагони мактаби САҲА оид ба дипломатия бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд
Густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибатҳои байнипарламентиро густариш мебахшанд
Ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон доир шуд