Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 октябр, дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз, тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22 ва дар шарқи ҳамин вилоят 5-10 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнокро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз ғарб бо гузариш ба самти шарқ ба 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар ағбаҳо ба амал омадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар ағбаҳо ба амал омадани туман дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






