Имрӯз муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ҷанбаҳои илмию таърихии ҷашнҳои Меҳргону Садаро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Меҳргон Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҷашни Меҳрон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар симпозиум муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои Озарбойҷон, Франсия ва дигар кишварҳо ҷанбаҳои илмию таърихии қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор-Меҳргону Садаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, муҳаққиқон дар мавзӯъҳои «Нигоҳе ба ҷашнҳои Меҳргон ва Анор» (Озарбойҷон), «Намои фарҳангшиносии ҷашни Меҳргон», «Нигарише ба арзишҳои таърихии Меҳргон» (Франсия), «Нигоҳи нав ба ҷашни Меҳргон», «Ҷашни Меҳргон дар оинаи фарҳанги мардумӣ», «Решашиносӣ ва маънишиносии вожаҳои Меҳргон ва Сада», «Иртиботи таърихии Меҳргон ба мероси мусиқии тоҷикон», «Меҳргон дар гузари айём», «Доир ба паҳлуҳои равонӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангшиносии ҷашнҳои тақвимии тоҷикӣ-эронӣ», «Меҳргон –ҷашни шоҳону хусравон» ва «Сайрҳои тирамоҳӣ- идомаи ҷашни Меҳргон» маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






