Иштироки ҷавонони тоҷик дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишомӯзон
ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 70 нафар ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли Тоҷикистон, аз ҷумла, аз Парлумони кишвар дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки имрӯзҳо дар шаҳри Сочии Россия идома дорад, иштирок доранд.
Ҳадафи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки 14 октябр оғоз гардида, то 22 октябр идома меёбад, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ҳамраъйию ҳамдилӣ байни ҷавонони кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ аз дастгириву ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози давлату миллат — ҷавонон дарак медиҳад.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишомӯзон намояндагони 150 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






