Истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ барои муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо боздошт гардид

Октябрь 24, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванд Баҳромқул Худойқулов, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа даст ба  ҷинояти вазнин зада, муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳоро ба миқдори махсусан калон анҷом додааст.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, номбурда аз моҳи сентябри соли 2016 дар дохили корхонаи шахсии худ- ҶДММ «Баҳром-2016», воқеъ дар деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили зарфи пластмассии ғунҷоишаш 1000-литра  400 литр маҳсули кислотаи сулфатро бо мақсади коркард аз шахси номаълум дастрас карда, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.

21 октябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук прекурсори мазкур  дарёфт ва тибқи протокол гирифта шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ аз 23 октябри соли 2017, маводи аз шаҳрванд Б. Худойқулов гирифташуда прекурсори навъи кислотаи сулфат буда, вазни умумиаш 724 килограммро ташкил медиҳад.

Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои Б. Худойқулов ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, дар асоси моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162, ва 168-и Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Б. Худойқулов ва дигарон бо моддаи 202, эзоҳи 1, қисми 3 банди «в» — и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Октябрь 24, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад