Изҳори тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Октябрь 7, 2017 15:44

ДУШАНБЕ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.

Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон»-ро ба уҳда доштанд.

Шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2017 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад