КҲФ ва МГ ба ронандагон ҳушдор медиҳад: аз сабаби номусоидии боду ҳаво резиши санг дар назар аст!
ДУШАНБЕ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) имрӯз дар робита ба вазъи ҳавои ноустувори кишвар, вазиши боди сард, дар баландии 2500 метр боридани барф, пастшавии ҳарорати ҳаво ва ба амал омадани чангу ғубор сокинони кишварро ба эҳтиёткорӣ даъват менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз КҲФ ва МГ хабар доданд, аз сабаби ба амал омадани вазъи номусоиди боду ҳаво дар ҷумҳурӣ имрӯз сокинони кишварро мебояд зимни анҷомдиҳии корҳои саҳроӣ эҳтиёткор бошанд ва баҳри ҳифзи саломатии худ аз рафтан ба шикор ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд. Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандагон ва велосипедронҳоро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои кӯҳистон эҳтиёткор бошанд, зеро хатари резиши санг дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, вазиши сахти шамол аз самти шимолу ғарб ба 17-22 метр дар як сония расида, дар водиҳо 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа аз вазиши сахти бод ба амал омадани чангу ғуборро пешгӯӣ мекунанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 2500 м барф меборад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи ноустувор шуда, дар баландиҳои 2500 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, шабона 12-14 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






