Котиби Суди шаҳри Ҳисор барои гирифтани ришва дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Котиби Суди шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани ришва аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар робита ба ин аз ҷониби шаҳрванд «А» ба Агентӣ ариза пешниҳод гардид, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи Ҷаҳонгир ба боварии ӯ даромада, барои ба манфиати номбурда ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ қаблан бо роҳи фиреб 4000 сомонӣ гирифта, боз овардани 4500 сомонии дигарро талаб дорад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ҷаҳонгир Суҳробзода зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 4500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
«Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба котиби Суди ноҳияи Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд»,-илова намуд манбаъ.








Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад






