Котиби Суди шаҳри Ҳисор барои гирифтани ришва дастгир гардид

Октябрь 11, 2017 14:34

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Котиби Суди шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани ришва  аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар робита ба ин аз ҷониби шаҳрванд «А» ба Агентӣ ариза пешниҳод гардид, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи Ҷаҳонгир ба боварии ӯ даромада, барои ба манфиати номбурда ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ қаблан бо роҳи фиреб 4000 сомонӣ гирифта, боз овардани 4500 сомонии дигарро талаб дорад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ҷаҳонгир Суҳробзода зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 4500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
«Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба котиби Суди ноҳияи Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд»,-илова намуд манбаъ.

 

Октябрь 11, 2017 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд