Минбаъд кормандони муассисаҳои тиббии Тоҷикистон либоси ягона ба бар мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси ягонаи кормандони муассисаҳои тиббиро тасдиқ намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом бо мақсади ба танзим даровардани либоси тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар асоси ин иқдом сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ вазифадор гардидаанд, ки кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд.














БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






