Миёни Тоҷикистон ва Германия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

Октябрь 19, 2017 09:03

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлин 17 октябр миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеративии Германия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Андреас Пешке машваратҳои навбатии сиёсӣ баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, робитаҳои байнипарлумонӣ, энергетика, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро баҳри боз ҳам таҳкиму густариши муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарду кишвари дӯст таъкид карданд.

2 3

Октябрь 19, 2017 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад