Миёни Тоҷикистону Беларус ҳамкории парлумонӣ тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Беларус зимни мулоқоти роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода ва парлумони Ҷумҳурии Беларус Михаил Орда дар Душанбе баррасӣ гардид.
Вакили парлумони Тоҷикистон зикр намуд, ки муносиботи Тоҷикистону Беларус хусусияти шарикии стратегӣ касб намудаанд. Дар ин росто, барои ба сатҳи сифатан нав расонидани робитаҳо кори гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Беларус, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус имзошуда муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
Дар мулоқот ҳамзамон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм пешниҳодҳои судманд баён гардид.
Зикр шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои агросаноатӣ, нақлиёт, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ бояд фаъол гардонида шавад. Мусоҳибон зарурати татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкорӣ барои давраи то соли 2020, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар Тоҷикистонро таъкид доштанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






