«Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ»-ҳамоиш дар Душанбе

Октябрь 14, 2017 10:27

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/ Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти франсиявии пажўҳишҳои Осиёи Марказӣ 12-13 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ: мубодилаи таҷриба байни Тоҷикистон ва Франсия» ҳамоиш баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин Марказ хабар доданд, дар кори ҳамоиши илмӣ олимону коршиносон аз Франсия, вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои илмӣ-таҳлилии ҷумҳурӣ иштирок варзиданд. Дар ҳамоиш 14 гузориши илмӣ ба муҳокимаи иштирокчиён пешниҳод гардид. Дар қисмати ҷаласаи умумӣ ду гузориши илмӣ- «Ифротгароии исломӣ: нуқтаи назари мақомоти франсиявӣ» – и Посел Жан-Кристоф, мушовир оид ба корҳои дини Вазорати корҳои хориҷии Франсия ва «Баъзе вижагиҳои ифротгароӣ дар соҳаи дин дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» –и Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Дар ҷаласаҳои кории ҳамоиш баррасии мавзўъҳои муҳими вобаста ба масъалаи тундгароӣ ва ифротгароии динӣ мавриди муҳокима ва баҳсу мунозираҳои ҷолиб қарор гирифт.

Дар ҷамъбасти муҳокимаҳо масъулони ҳар ду ҷониб иброз намуданд, ки баргузории ҳамоиш дар заминаи платформаи сиёсати «Дарҳои кушод»-и Тоҷикистон, ки меъмори он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, имконпазир гардидааст ва аз он дарак медиҳад, ки ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Франсия дар сатҳи зарурӣ ва барои ҳар ду ҷониб манфиатовар қарор дорад.

 

Октябрь 14, 2017 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад