Мубталоёни бемориҳои дилу рагҳо мебояд дар хокбориш эҳтиёткор бошанд
ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз шаби гузашта инҷониб дар Тоҷикистон хокбориш ҳукмфармост, ки бар асари он тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ғуборолуд гардидаанд. Ба иттилои сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, шамоле, ки боис ба ин вазъ шудааст, аз самти Афғонистон ва Туркманистон ба воситаи Эрон ба ҷумҳурии мо дохил шуд. Дар натиҷаи боронҳои кӯтоҳмуддат 19 октябр эҳтимоли суст гардидани он дар назар аст. «Шамоли сарде, ки аз минтақаи шимолу ғарб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд, боиси якбора тағйир ёфтани ҳаво гардид. Имрӯз тӯли рӯз дар шаҳри Душанбе ва қисми зиёди ноҳияҳои кишвар ҳавои ноустувор, боридани борон, дар қисми зиёди ноҳияҳои вилояи Суғд шиддат гирифтани шамол ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар ин минтақа ба қайд гирифта шуд»,-зикр намуд ӯ.
Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, чунин вазъи ҳаво дар бештари ноҳияҳои кишвар то пагоҳ боқӣ монда, дар натиҷаи боронҳои кӯтоҳмуддат эҳтимоли бартараф шудани он пешбинӣ мешавад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш ба амал овардааст, ки зимни анҷом додани корҳои саҳроӣ ботаваҷҷуҳ бошанд. Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи мазкур, сокинони кишварро мебояд аз ҷамъоварии ҳезум, хусусан дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд, зеро шиддатнокии шамол, махсусан боришот дар баландкӯҳҳо эҳтимолияти зиёдшавии сангрезиро дар пай дорад. «Аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ, махсусан ағбаҳо суръат ва масофаи таъйиншударо риоя намоянд»,-афзуд ӯ.
Ҳамзамон Фарида Худойдодова, табиби оилавӣ, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки мубталоёни бемориҳои дилу рагҳо ва нафароне, ки гирифтори бемории дамкӯтоҳӣ ҳастанд, мебояд дар ин рӯз эҳтиёткор бошанд. Табиб аз волидон даъват ба амал овард, ки то метавонанд, кӯдаконро дар ҳавои кушод камтар гузоранд ва назорат кунанд. «Дар ин гуна вазъи ҳаво нафароне, ки гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, диққи нафас ва гирифтори ҳассосият ҳастанд, хуб мешуд барои ҳифзи саломатии худ аз ниқоб истифода баранд. Ин гуна ҳолати ба амал омада метавонад боиси хуруҷи микробҳо ва авҷ гирифтани бемориҳо гардад»,-афзуд табиб.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






