Мубталоёни бемориҳои дилу рагҳо мебояд дар хокбориш эҳтиёткор бошанд

Октябрь 18, 2017 16:41

ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз шаби гузашта инҷониб дар Тоҷикистон хокбориш ҳукмфармост, ки бар асари он тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ғуборолуд гардидаанд. Ба иттилои сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, шамоле, ки боис ба ин вазъ шудааст, аз самти Афғонистон ва Туркманистон ба воситаи Эрон ба ҷумҳурии мо дохил шуд. Дар натиҷаи боронҳои кӯтоҳмуддат 19 октябр эҳтимоли суст гардидани он дар назар аст. «Шамоли сарде, ки аз минтақаи шимолу ғарб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд,  боиси якбора тағйир ёфтани ҳаво гардид. Имрӯз тӯли рӯз дар шаҳри Душанбе ва қисми зиёди ноҳияҳои кишвар ҳавои ноустувор, боридани борон, дар қисми зиёди ноҳияҳои вилояи Суғд шиддат гирифтани шамол ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар ин минтақа ба қайд гирифта шуд»,-зикр намуд ӯ.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, чунин вазъи ҳаво дар бештари ноҳияҳои кишвар то пагоҳ боқӣ монда, дар натиҷаи боронҳои кӯтоҳмуддат эҳтимоли бартараф шудани он пешбинӣ мешавад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш ба амал овардааст, ки зимни анҷом додани корҳои саҳроӣ  ботаваҷҷуҳ бошанд. Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи мазкур, сокинони кишварро мебояд аз ҷамъоварии ҳезум, хусусан дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд, зеро шиддатнокии шамол, махсусан боришот дар баландкӯҳҳо эҳтимолияти зиёдшавии сангрезиро дар пай дорад. «Аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ, махсусан ағбаҳо суръат ва масофаи таъйиншударо риоя намоянд»,-афзуд ӯ.

Ҳамзамон Фарида Худойдодова, табиби оилавӣ, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки мубталоёни бемориҳои дилу рагҳо ва нафароне, ки гирифтори бемории дамкӯтоҳӣ ҳастанд, мебояд дар ин рӯз эҳтиёткор бошанд. Табиб аз волидон даъват ба амал овард, ки то метавонанд, кӯдаконро дар ҳавои кушод камтар гузоранд ва назорат кунанд. «Дар ин гуна вазъи ҳаво нафароне, ки гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, диққи нафас ва гирифтори ҳассосият ҳастанд, хуб мешуд барои ҳифзи саломатии худ аз ниқоб истифода баранд. Ин гуна ҳолати ба амал омада метавонад боиси хуруҷи микробҳо ва авҷ гирифтани бемориҳо гардад»,-афзуд табиб.

 

 

Октябрь 18, 2017 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба беҳтар гардонидани сифати ғизо ҳамоиш доир шуд
Дар Хатлон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» силсилаҳамоишҳо доир мегарданд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Рашт бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза шинос шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизб доир гардид
«ЗАМИН — ГАНҶИНАИ ХАЙРУ САХОВАТ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва Соли ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе-сарзамини тахти воло» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
«МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ». Дар Хатлон амалиёти пешгирии фурӯши ғайрисанитарии маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид
Сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумак расониданд
Мардуми саховатпешаю савобҷӯ даъват шуданд, ки маблағҳои сафари ҳаҷро ба зарардидагони заминларзаи Рашту Тоҷикобод низ равона созанд
«ОИЛАИ БЕҲТАРИН». Бо мақсади гиромидошти арзишҳои оиладорӣ озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шумораи ақди никоҳ зиёд ва бекоршавии он коҳиш ёфтааст