Муфтии турк табаддулоти наҳзатиҳоро маҳкум намуд

Октябрь 19, 2017 08:31

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр вохӯрии раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо Муфтии шаҳри Истанбул доктор Ҳасан Камил Йлмаз баргузор шуд.

Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он, аз ҷумла масъалаҳои динӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористии наҳзат ва «ФЕТО» таъкид намуданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода табаддулоти нокоми давлатиро, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия ба амал омада буд, маҳкум намуд.

Ҳамчунин раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзои ин ҳизб амалӣ гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар вокуниш ба гуфтаҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода Муфтии шаҳри Истанбул доктор Ҳасан Камил Йлмаз таъкид намуд, ки муфтиёти Ҷумҳурии Туркия ҳама гуна табаддулот, аз ҷумла, табаддулоти нокоми давлатиеро, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода зери роҳбарии ТТЭ ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, маҳкум менамояд.

Октябрь 19, 2017 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст