Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати кореягӣ

Октябрь 2, 2017 09:39

ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ  «Ховар»/. 29 сентябр мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати кореягӣ таҳти сарварии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея   Лим Сонгнам доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат масоили  мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории Тоҷикистону Корея дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ва форумҳо баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти натиҷаҳои сафари расмии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Кореяро моҳи апрели соли 2015 дар таҳкиму густариши муносибатҳои ду кишвар таъкид намуданд.

Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ба тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ҳамчун воситаи самарабахши ҳамкорӣ ишора карданд. Дар ин росто зарурати истифода аз имконият ва иқтидорҳои зиёди мавҷуда ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории дӯстона ва тавсиаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ зикр гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат гирифт.

 

 

Октябрь 2, 2017 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа