Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт
ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид шуд, ки сафари нахустини Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои араб ба Тоҷикистон сароғози сатҳи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб мегардад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи равобит дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, инчунин дигар самтҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






