Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати Арабистони Саудӣ

Октябрь 10, 2017 18:44

ДУШАНБЕ, 10.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ Муҳаммад Алмуъҷил, роҳбари ширкати «Алмуъҷил Лилмашориъ» ва Муовини роҳбари бахши сайёҳии Палатаи савдои шаҳри Риёзро дар бинои сафорат ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба тавсиаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд.

Муҳаммад Алмуъҷил аз таассуроти зебои сафари корӣ ва иштирокаш дар барномаи сайёҳии созмондодаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон-эйр», меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и Душанбе  ва ширкати «Скай-тур», ки аз 23-юм то 30-юми сентябри соли 2017 дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ҳикоят намуда, таъкид дошт, ки «барои ҷалби сайёҳони араб ба Тоҷикистони басо зебою дилкаш ҷаҳду талош хоҳад кард».
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ ривоҷ ёфта, ба густариши робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ заминаи боэътимод муҳайё месозад.

 

Октябрь 10, 2017 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад