Муовини Сарвазир: «Бо чунин сатҳи омодагӣ нагузаштан аз имтиҳони барфи аввал эҳтимол дорад»
ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ “Ховар”/. Дар шаҳри Қурғонтеппа зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилоят ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 баргузор гардид.
Зикр шуд, ки новобаста аз он ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии вилоят асосан дар моҳи сентябри соли равон иҷро шуда бошад ҳам, нақшаи пешбинишудаи захираи ангишт ва ҳезум 72 ва 86 фоиз таъмин гардид. Гарчанде дар маҷмӯъ ин нишондиҳандаҳо назаррас менамоянд, вале мутаассифона, ҳолати омодагии баъзе шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи вилоят нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Дар соҳаи тандурустӣ аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят танҳо дар 8-тояш захираи ангишт иҷро гардидааст. Захираи он дар ноҳияи Вахш 0%, шаҳри Кӯлоб 15%, ноҳияи Фархор 16%, ноҳияи Қубодиён 22%, ноҳияи Ҷ.Балхӣ 28% ва дар ноҳияи Темурмалик 46%-ро ташкил мекунад, ки комилан ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар соҳаи тандурустии вилоят таъминоти ҳезум танҳо барои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Панҷ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Дар соҳаи маориф захиракунии ангишт ва ҳезум мутаносибан 67 ва 45,6% мебошад. 6 ноҳия талаботи ангишт ва 3 ноҳия талаботи ҳезумро пурра иҷро намудаанду халос. Вазъи захиракунии ҳезум қариб, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба талабот ҷавогӯ нест. Вобаста ба ин, аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат супориши қатъӣ дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат вазъро ислоҳ намоянд, чунки вақт интизор намешавад.
Муовини Сарвазир дар шаклҳои омории ҳисобот пешниҳод нагардидани маълумоти зимистонгузаронӣ, ҳамагӣ ду маротиба гузаронидани ситодҳои вилоятӣ ва номутобиқатии нишондиҳандаҳои ситодҳои вилоятиву ноҳиявиро зери интиқоди шадид қарор дода, таъкид намуд, ки ин ҳама аз бемасъулиятии раисони ситодҳо дарак медиҳад.
“Талаботи идораи хоҷагии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят то 1 октябри соли равон бо маводи зиддилағжиш 101%, ангиштсанг 96% , ҳезум 92 % ва маводи сӯзишворӣ 76,8% иҷро гардида бошад ҳам, мутаассифона, техникаи зарурӣ барои зимистон пурра омода нашудааст, масалан дар шаҳри Кӯлоб, инчунин барои ағбаҳои минтақа. Дар ин сатҳи тайёрӣ аз имтиҳони барфи аввал нагузаштан эҳтимол дорад”,-баён дошт Азим Иброҳим.
Муовини Сарвазир ҷараёни захирасозии хӯроки чорво, аз ҷумла хӯроки дурушт, хасбеда, тарбеда ва коҳро, ки зиёда аз 92 %-и талаботро ташкил мекунанд, қобили қабул баҳогузорӣ намуда, таъкид кард, ки дар фурсати минбаъда диққати асосӣ ба захира кардани ҳаҷми зарурии хӯроки ширадор ва силос равона карда шавад.
Як масъалаи дигаре, ки зери муҳокимаи ҷиддии муовини Сарвазир қарор гирифт, ин то кунун ташкил нагардидани корхонаҳои дӯзандагӣ дар баъзе ноҳияҳои вилоят мебошад. Бо назардошти он, ки талабот ба либосҳои мактабӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят вуҷуд дораду мутаассифона, он асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардад, аз ҷониби муовини Сарвазир супориши қатъӣ дода шуд, ки ба ин тарзи ташкили кор хотима бахшида шавад. Шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба талаботи аҳолиашон корхонаҳои дӯзандагиро ташкил намуда, то охири сол маълумотро оид ба корҳои ташкилкардаашон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Муовини Сарвазири кишвар ба Агентии таъминоти амволи махсус супориш дод, ки сохторҳои низомӣ ва махсусан, қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгиршуда бояд сари вақт бо маводи зарурии хӯрокиву либосворӣ таъмин карда шаванд. Ҳамзамон ҷиҳати таъмин намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъминоти барқ низ ба сохторҳои масъул супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






