Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар замони муосир бо шарофати рушду инкишофи бесобиқаи техника ва технологияи иттилоотӣ робитаву ҳамкории байналмилалиро бе фаъолияти дипломатияи иттилоотӣ тасаввур намудан имконнопазир аст. Сарчашмаи дипломатияи иттилоотиро интишор ва мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, воситаҳои интернетӣ, паҳни робитаҳои моҳворавӣ, зуҳуру рушди дипломатияи рақамӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

Дар шароити ҳозира мафҳуми дипломатияи иттилоотиро дипломатияи рақамӣ, ҷамъиятӣ, ҷомеаи иттилотӣ ва ғайра пурра инъикос менамоянд, ки дар сиёсати хориҷӣ мавриди истифодаву татбиқ қарор мегиранд. Вале бештар фаҳмиши дипломатияи иттилоотиро дипломатияи рақамӣ фаро мегирад, ки баъзан онро Web 2.0 ва «шабакаи дипломатӣ» (Net Diplomacy) меноманд. Дипломатияи рақамӣ (электронӣ), аз калимаи англисии «digital diplomacy, e-diplomacy» гирифта шуда, маънояш ҳалли вазифаҳои дипломатӣ бо имкониятҳои интернетӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мебошад. Дар доираи дипломатияи рақамӣ воситаҳои нави ахбори омма, ба монанди шабакаҳои иҷтимоӣ, блогҳо ва ғайра майдонҳои ахбориро дар мавҷҳои ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар дипломатияи рақамӣ мақомоти давлатӣ, махсусан вобаста ба сиёсати хориҷӣ, ниҳодҳои давлатӣ, инчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки ба татбиқи фаъолияти хориҷӣ сарукор доранд, иштирок менамоянд. Мақсади асосии дипломатияи рақамӣ пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ, таблиғоти иттилоотӣ ба воситаи интернет-телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ дар самти шуури омма мебошад. Дар ҷараёни истифода намудани ин навъи дипломатия эҳтиёт ва бехатарии маълумот дар навбати аввал қарор мегирад.

Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд. Дар охири асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёриро ба даст овард ва имрӯз ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф муаррифӣ шудааст. Ба назари мо дар тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангиву иттилоотӣ ба сатҳи муайяни гузариш ба кишвари тараққихоҳ омада расид. Аз ин рӯ, кишвари моро зарур меояд, ки минбаъд низ дар таъмини рушду инкишофи тамоми соҳаҳои дохиливу хориҷӣ аз шароиту воситаҳои навини техника ва технология истифода намояд.

Дар рушду тақвияти ҳамкорӣ ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор доир ба сиёсати хориҷӣ бо роҳбарии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Имрӯзҳо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар минбари чорабиниҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имиҷи мусбати Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, ки ин низ тақвиятдиҳандаи дипломатияи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

Дар кишвари мо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи сиёсати хориҷӣ амал менамояд, ки тибқи он дипломатияи иттилоотӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар замони муосир ва шароити имрӯза дипломатияи иттилоотӣ барои рушди давлатдории миллӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллат ва барои рақобатпазир намудани ҳувият дар асри ҷаҳонишавӣ имконияти фарохеро ба вуҷуд овардааст. Фарогир шудани мавзӯи мазкур дар назди давлат ва ҷомеа як силсила масъалаҳоро мегузорад, ки ҳалли онҳо барои таҳкими давлатдории миллӣ ва дастовардҳои он мусоидат мекунанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии дипломатия таҳлили вазъият дар кишвари қабулкунанда, сиёсати хориҷӣ ва пеш аз ҳама, муносибатҳои байналмилалии он мебошад. Сафирон ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои мусоидат ва амалишавии созишномаву шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба нақши назаррас доранд. Онҳо дар муаррифии симои мусбати Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби дастоварду комёбиҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва рушди сармоягузориву сайёҳӣ саҳми бесобиқаро соҳибанд. Мутахассисони соҳаи мазкур барои эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ симои Тоҷикистонро дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчун кишвари дастгирикунанда ва ташаббускори сиёсати башардӯстона, эътирофи баробарӣ, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд.

Дар соҳаи дипломатияи иттилоотӣ субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ бештар ба ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ такя менамоянд. Имрӯз дар рушду инкишофи робитаҳои беҳтари дипломатии дуҷонибаву бисёрҷониба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли «facebook», «twitter», «instagram», «youtube», «вконтакт» ва ғайра бештар аст. Дар ҳар кишвар вобаста ба маъруфияти шабакаи иҷтимоӣ сарукор гирифтан лозим аст. Имрӯзҳо дар фаъолияти ҳамешагии худ сафирону намояндагиҳои бештари кишварҳои ҷаҳон аз чунин шабакаҳо истифода мебаранд. Аксари намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷ аъзои чунин шабакаҳоянд ва фаъолият дар самти худ дар ин шабакаҳо барои тақвияти сиёсати хориҷӣ хеле ба маврид аст.

Тавре дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд: «Зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамкории худро бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми кишварҳои хориҷӣ беҳтар роҳандозӣ намуда, нуфузашро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он ба таври назаррас афзоиш диҳад».

DSC_0327Тавре маълум аст, намояндагиҳои дипломатии мо дар хориҷ бо ташкил кардани рӯзҳои фарҳангӣ ва баргузории ҷашну маросимҳои миллӣ симои мусбати Тоҷикистонро дар самти сиёсати хориҷӣ рӯз то рӯз таҳким мебахшанд, ки ин низ яке аз самтҳои рушди дипломатияи фарҳангиву иттилоотӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин мо метавонем, ки дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур тавассути китобу маҷалла ва наворҳои видеоии гуногун бо забони кишвари мизбон роҷеъ ба Тоҷикистон маълумоти саҳеҳу равшан пешниҳод кунем.

 

Табассум АЗИМЗОДА,

мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил

ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд