ТО ЗАБОН ДОРЕМ, БИСЁРЕМ МО!.. Сиёсати Сарвари давлат дар соҳаи забон сиёсати эҳёи дубораи миллати куҳанбунёди тоҷик аст

Октябрь 5, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ ба сифати рукни давлатсози ҷомеа на танҳо барои давлати Сомониён, балки барои давлатҳои турку муғулу манғит ба сифати забони расмии коргузорӣ хизмат намудааст. Ҳамчунин мутобиқи матолиби сарчашмаҳои таърихӣ, забони тоҷикии  форсӣ дар асри IX – X ба ғайр аз мардуми тоҷик ва форс, инчунин барои халқҳои гуногуни ин нуқоти Шарқ, яъне курдҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо, Озарбойҷон, Осиёи хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асри миёна забони асосӣ ва ҳатто адабиёти ягонаи хаттӣ ба шумор мерафт. Оид ба шаҳомат ва қудрати ин забон файласуфи машҳури немис Гегел гуфтааст: «Форсҳо – тоҷикҳо нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи форс – тоҷикон оғоз меёбад. Дар байни ин халқ аврупоӣ худро бегона намепиндорад. Дар байни ин мардум садҳо бузургоне ҳастанд, ки агар дастам мерасид, ҳайкали онҳоро аз тилло месохтам ва худ остонбўси дари онҳо мешудам, зеро агар адабиёти Шарқ намебуд, Аврупо ва Ғарб дар ҳолати сукут буд. Макони тоҷикон дар Суғду Бохтар, Хоразм ва миёни ду дарё — Ҷайҳуну Сайҳун (Сиру Ому) аст. Баромади халқҳои мутамаддини Аврупои муосир аз ин диёри тоҷикон аст».

Баҳои файласуфи машҳури немис  Гегел гувоҳи он аст, ки нақши забон ва адабиёти тоҷик дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ беназир аст. Агар сайри таърихии ин забонро ба риштаи пажўҳиш кашем, дармеёбем, ки забони тоҷикӣ дар раванди таърих рисолатеро иҷро кардааст, ки шояд дигар ҳеҷ забоне чунин рисолатро ба дўш надоштааст. Агар забонҳои дигар воситаи иртиботу муошират ва рукни давлатӣ бошанд, забони тоҷикӣ дар тўли таърих нақши муттаҳидии миллат ва зинда нигоҳ доштани онро бозидааст. Тоҷик тўли ҳазор сол давлат надошт, вале забон дошт, қудрати сиёсӣ надошт, вале забон дошт ва маҳз ҳамин забон ин миллатро аз хатари нобудӣ эмин дошт. Дар замони Шўравӣ забони тоҷикӣ барои миллати мо воситаи асосии давлатсозӣ шуд.

Мутобиқи маълумоти Википедия забони тоҷикӣ — забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Tоҷикистонро ташкил медиҳад (88%), ба ҳисоб меравад. Инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон ба тоҷикӣ ҳарф мезананд. Зиёда 45 дарсади аҳолии Aфғонистон, ки аз лиҳози этнологӣ  тоҷик ҳисоб мешаванд (зиёда аз 15 млн.) ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷикии Oсиёи Марказӣ фарқи бузург надошта гуфтугў мекунанд, валекин забони худро расман форсӣ — дарӣ ва ё кобулӣ мегўянд ва худро тоҷик ном мебаранд. Аксари кулли мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ (88%) гуфтугў мекунанд. Ҳатто ҳамаи паштунҳо тоҷикиро медонанд.

Аз ҷиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ, oилаи калони ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад.

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа — забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажўҳишгарон, дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат 9

Забон муҳимтарин моя, омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст. Ба ин хотир, ҳифз ва рушди пайвастаи он як самти муҳими фаъолияти давлат аст. Бо шарофати сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон давра ба давра асноду дастурҳои муҳим қабул гардида, соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дода шуд.

Натиҷаи ҳамин саъю талошҳо буд, ки имрўз забони тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, ба забони илм ва муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон бадал шудааст. Бо ин забон даҳҳо номгўи матбуоти чопӣ интишор мегардад, барномаҳои зиёди радио ва телевизион таҳия гардида, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва омўзишии зиёд  чоп мешаванд. Бо фаъолияти Комиссияи Олии Атестатсионии Тоҷикистон забони рисолаҳои илмӣ низ тоҷикӣ хоҳад буд ва ин маънои онро дорад, ки минбаъд забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мавриди амал қарор гирифта, ақидаи иддае аз пажўҳишгаронеро, ки гўё ин забон ба сифати забони илм ниёзҳои ҷомеаро бароварда наметавонад, ботил месозад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро дар замони муборизаҳои шадиди лафзиву равонии ҷаҳони муосир Сарвари давлат ба ин масъада, яъне рушди забон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ба андешаи мо, ин ба якчанд омилҳо марбут аст:

Аввалан, забон шиносномаи миллат аст ва аз байн рафтани он маънои нобудии миллатро низ хоҳад дошт. Миллати тоҷик баъди салтанати Сомониён беш аз ҳазор сол давлатдор набуд, вале забон дошт ва ҳифзи ин омили муҳим имкон дод, ки миллати тоҷик дар дарозои таърих зинда монад, рушд намояд ва дар натиҷаи ба вуҷуд омадани шароити мусоиди таърихӣ дубора эҳё шавад. Тавре устод Бозор Собир дар шеъри “Хуни қалам” гуфтааст:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ваттандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ…

Дуюм, тарғиби адабиёти пурғановати тоҷик, осори ниёгони мо, анъанаҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ маҳз ба воситаи забон сурат мегирад, ба ин хотир, ҳизфи забон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа низ мебошад.

Сеюм, дар замони муосир забон афкори миллиро ташаккул медиҳад ва аз ҷониби дигар, воситаи таъсиррасон ба афкори ҷомеа аст. Ғасби фазои расонаӣ, роҳандозии набардҳои равониву лафзӣ, тарғиби идеологияи ғайр тавассути забон сурат мегирад ва бесабаб нест, ки расонаҳои хориҷӣ барномаҳои тарғиботии худро ба забони тоҷикӣ таҳия намуда, ба рўҳияи мардум таъсир мерасонанд. Дар ин росто, бо ташаббуси Сардори давлат, пеш аз ҳама, фазои расонаии мамлакат бо барномаҳои тарғибкунандаи забон, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ мукаммал гардонда шуд. Арзи ҳастӣ намудани шабакаҳои нави радио ва телевизионӣ, агар аз як тараф, барои рушд ва тақвияти забони миллӣ  мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, барои дар рўҳияи солим ташаккул додани афкори миллӣ нақш мебозанд.

Чаҳорум, забон василаи сохтани ҳувияти миллист, шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад ва бад-ин васила худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳувияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди худшиносии Президент буд, ки бо тасмими ў соли 2008 Соли бузурдошти забони тоҷикӣ эълон гардид. Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ эҳсоси худшиносии ҷомеаро бамаротиб боло бурд.

Солҳо мегузаранд, Тоҷикистон рушд мекунад, зиндагӣ низ пурфараҳ  хоҳад шуд, вале кўшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ба забони миллӣ, эҳёи суннатҳои фаромўшшуда, аз нав ба мақоми давлатӣ нишонидани забони тоҷикӣ аз ёди башарият фаромўш нахоҳанд шуд. Сиёсати  Сарвари давлат дар соҳаи забон сиёсати эҳёи дубораи миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Дар замони ҳозира, замони ҷаҳонишавӣ ва шиддати вазъият дар саросари дунё ин кори саҳлу оддӣ нест.

 

                                          Саидмуроди ХОҶАЗОД,

                                                   доктори илмҳои филология

Октябрь 5, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад