Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Пекин дар намоиши хайриявии байналмилалӣ иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябри соли 2017 дар шаҳри Пекин бо ташаббуси хонум Чиан Вей -ҳамсари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, инчунин бо мусоидати Департаменти ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Чин ярмаркаи байналмилалии хайриявӣ таҳти унвони «Меҳр ба якдигар ҳадду канор надорад – бунёди муштараки бунгоҳи тиббӣ дар Юннан» баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин низ бо омода кардани гӯшаи «Тоҷикистон» дар ярмаркаи номбурда иштирок карда, маснуоти сӯзанию гулдӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва дигар ҳунарҳои дастию савғотиҳои миллӣ, инчунин атлас, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои мардонаю занонаи минтақаҳои гуногуни кишварро ба намоиш ва фурӯш гузошт. Дар намоиш ҳамчунин дастурхони тоҷикӣ ороста шуда, ба меҳмонон хӯрокҳо ва пухтаниҳои миллӣ пешниҳод гардид.
Дар намоиш иштироккунандагони зиёда аз 80 намояндагии дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии кишвари иқомат ширкат варзиданд ва ҳар кадом гӯшаи алоҳидаи худро бо маводи инъикоскунандаи фарҳангу санъат ва хӯрокҳои миллиашон доштанд.
Маблағи бадастомада бо мақсади хайриявӣ – сохтмони муассисаи тиббӣ дар яке аз деҳаҳои музофоти Юннани Чин сарф хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






