Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Пекин дар намоиши хайриявии байналмилалӣ иштирок карданд

Октябрь 31, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  29 октябри соли 2017 дар шаҳри Пекин бо ташаббуси хонум Чиан Вей -ҳамсари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, инчунин бо мусоидати Департаменти ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Чин ярмаркаи байналмилалии хайриявӣ таҳти унвони «Меҳр ба якдигар ҳадду канор надорад – бунёди муштараки бунгоҳи тиббӣ дар Юннан» баргузор гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин низ бо омода кардани гӯшаи «Тоҷикистон» дар ярмаркаи номбурда иштирок карда, маснуоти сӯзанию гулдӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва дигар ҳунарҳои дастию савғотиҳои миллӣ, инчунин атлас, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои мардонаю занонаи минтақаҳои гуногуни кишварро ба намоиш ва фурӯш гузошт. Дар намоиш ҳамчунин дастурхони тоҷикӣ ороста шуда, ба меҳмонон хӯрокҳо ва пухтаниҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Дар намоиш иштироккунандагони зиёда аз 80 намояндагии дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии кишвари иқомат ширкат варзиданд ва ҳар кадом гӯшаи алоҳидаи худро бо маводи инъикоскунандаи фарҳангу санъат ва хӯрокҳои миллиашон доштанд.

Маблағи бадастомада бо мақсади хайриявӣ – сохтмони муассисаи тиббӣ дар яке аз деҳаҳои музофоти Юннани Чин сарф хоҳад  шуд.

 

Октябрь 31, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид