Намояндаи ҶДММ «Сармад 2000» барои қочоқи молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум боздошт гардид

Октябрь 10, 2017 11:03

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ҶДММ «Сармад 2000»-ро барои қочоқи молу маҳсулоти мавриди  ниёзи мардум боздошт намуданд.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҶДММ «Сармад 2000» ба воситаи мошини боркаши  тамғаи  «Долун», рақами қайди давлатиаш 12 79 СР 01, ядакаш 399 РС аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 27 номгӯй молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун, чархи ароба, телевизор ва ғайраро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст. Дар маҷмӯъ кочоқи мол  1 миллиону 845 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ «Сармад 2000» ба шаҳрванд Абдуҷалил Қаҳҳоров, соли таваллудаш 1982 мутааллиқ мебошад. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ  бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба чунин амали ғайриқонунӣ даст задааст.

Абдуҷалил Қаҳҳоров бо роҳи фиреб дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ (инвойс) танҳо як номгӯи молро нишон додааст, ки он нуриҳои минералӣ ба миқдори 500 ҷой  бо вазни умумии 25 ҳазор килограмм буда, бо декларатсияи транзити дохилии №762415/230917/0002390 дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тартиб дода шуда, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиреб ва истифода кардани ҳуҷҷатҳо тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Минбаъд бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ мошини  мазкурро бо борҳояш ба анборҳои ҶДММ «Сармад-2000», ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад, барои нигоҳ доштан интиқол додааст, ки мошин зимни гузаронидани санҷиш боздошт карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ ворид намудаи Қаҳҳоров А. Қ. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 845 ҳазору 650 сомонию 4 дирамро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои бадқасдонаи А. Қаҳҳоров ва дигарон  ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.

Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои А. Қаҳҳоров ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, бо дастрасӣ ба моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162 ва 168-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба намояндаи ҶДММ «Сармад 2000» Қаҳҳоров Абдуҷалил Қӯчқорбоевич ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардид.

Дар ин самт аз ҷониби муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

Октябрь 10, 2017 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад