НАВОИ ВАҲДАТ. Барои беҳтарин асар дар бораи ҷаласаи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон озмун эълон гардид

Октябрь 27, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон барои беҳтарин суруд ва беҳтарин асари мусиқӣ бахшида ба 25-умин солгарди ҷаласаи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ташаббускорони озмуни «Навои ваҳдат» Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили озмун тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими давлати нави тоҷикон, эҳсоси ифтихор аз Ватани маҳбуб ва мероси бойи ниёгон мебошад.

Ташкилкунандагон ҳамчунин мақсад доранд, ки тавассути озмуни мазкур оҳангсозони ҷавони боистеъдодро пайдо ва жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро тарғиб намоянд.

Melodiya-edinstva-1

 

Октябрь 27, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд