НБО «Норак» барои кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода мешавад
НОРАК, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» ва барои дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармуҳандиси НБО-и Норак Рустам Фозилов хабар дод.
Тибқи иттилоъ, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо ҷиҳати омода намудани неругоҳ барои кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 корҳои зерин, аз қабили захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, гузаронидани таъмири ҷории миёна ва асосии гидроагрегатҳои НБО-и Норак ва таҷҳизоти барқии он, насби трансформатори нави намуди GSU-450000/220/1575,кВ.Т-8, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, таъмири кабели алоқаи телефонии ТПП-50х2-0,4, баровардани селовардҳо аз канали обгузари ТКБ-500кВ ва пур намудани ҷойҳои фурӯрафта дар ТКБ-220кВ, тоза намудани деворҳои муҳофизатӣ дар қитъаи назди бинои зилзиласанҷӣ ва гузаронидани корҳои таъмирӣ дар дегхонаи барқии бинои неругоҳро иҷро кардаанд.
Рустам Фозилов зикр намуд, ки «таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳо мувофиқи нақша гузаронида шуд ва айни замон дар гидроагрегати №9 таъмири асосии дарбанди куравӣ ва ивазнамоии чархи корӣ бо ҷалби мутахассисон ҷараён дорад. Инчунин бар ивази трансформатори Т-8, ки аз соли 2014 корношоям гашта, дар истифода набуд, трансформатори намуди нави GSU-450000/220/1575,кВ.Т-8 васл карда шуд ва он 30 августи соли . 2017 ба истифода дода шуд».
Ба андешаи мутахассисони НБО-и Норак, оби обанбор дар неругоҳ айни замон дар сатҳи максималӣ қарор дорад.
Дар назар аст, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» таҷдид карда шавад.
Ба гуфтаи мутахассисон, моҳҳои наздик пас аз интихоби пудратчӣ корҳои таҷдиди таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони неругоҳ оғоз мегарданд.








Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд






