«НЕКӢ» ва «ИМКОНИЯТ» дар Душанбе нахустин Анҷумани миллии маъюбони Тоҷикистонро баргузор мекунанд

Октябрь 23, 2017 15:27

ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди ёрии кӯдакони маъюби «НЕКӢ»  дар ҳамкорӣ бо ТҶ Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «ИМКОНИЯТ» 25-26 октябри соли равон дар Маркази исмоилия нахустин Анҷумани миллии маъюбони Тоҷикистонро баргузор менамоянд.

Тавре аз Бунёди ёрии кӯдакони маъюби «НЕКӢ» хабар доданд, анҷумани мазкур бахшида ба Соли ҷавонон таҳти шиори «Ягонагӣ неруи  мост» баргузор шуда, баҳри баланд бардоштани маълумотнокии ҷомеа оид ба ҳуқуқ ба дастовардҳои маъюбон равона шудааст. Мақсади Анҷуман ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ баҳри ҳалли мушкилиҳои маъюбон мебошад. Дар анҷуман ҷавонони дорои маъюбӣ аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ҳадафи асосии ҷамъомад баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳаёт ва ҳуқуқҳои одамони дорои маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии онҳо тавассути таълим ва баланд бардоштани неруи онҳо, иштироки онҳо дар роҳи фаъоли ҳаёт тавассути барномаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ мебошад.

 

Октябрь 23, 2017 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад