НИГОҲЕ БА НАСРИ КӮДАК

Октябрь 21, 2017 10:46

ДУШАНБЕ, 21.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии «Нигоҳе ба насри кӯдак» доир мегардад. Дар маҳфил адибон, адабиётшиносон, мунаққидон, рассомон, китобдорон, мураббияҳои боғчаҳои кӯдаконаи шаҳри Душанбе ва ҳаводорони адабиёт ширкат меварзанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагон иттилоъ доданд, дар маҳфили мазкур адабиётшиноси маъруф Азимҷон Аминӣ дар мавзӯи «Вазъи адабиёти кӯдак дар солҳои охир» маърӯза мекунад. Мавзӯи баҳси ҳозирин асосан китобҳоест, ки нашрияҳои гуногун тайи 2-3 соли охир барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба чоп расонидаанд.

Ҳамчунин дар маҳфил адибон  Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Ҷӯра Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон, Абдушукури Абдусаттор, олимон Лутфия Имматова, Сангин Гулов, Равшан Раҳмонӣ ва ноширону омӯзгорон доир ба вазъи адабиёти бачагона сухан мегӯянд.

 

 

Октябрь 21, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад