Нисбат ба «Умед-88» парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муассис ва роҳбари ширкати «Умед-88» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, дар айни ҳол он мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ниҳод хабар доданд, тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки барои иҷрои Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» аз 6 апрели соли 2015, байни ҶСК «НБО Роғун» ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Умед-88» ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15 майи соли 2015 ба имзо расонида шудааст.
Мувофиқи ин шартнома ба ҶДММ «Умед-88» барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 171.000.000 сомонӣ ба муҳлати то 31 декабри соли 2015 қарз дода шудааст.
Директори ҶДММ «Умед-88» Идибег Ибрагимов тибқи маслиҳати пешакӣ бо муассиси воқеии ҳамин ҷамъият Раҷабалӣ Одинаев ва дигар шахсони масъул амал намуда, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне баҳри ба манфиати ҶДММ «Умед-88» ба даст овардани фоидаи муфт қарзи мақсадноки давлатиро ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ гирифта, аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ суиистифода намудааст. Маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маблағи 74 млн 294 ҳазору 004,1 сомониро тасарруф намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин зимни тафтишот муайян гардид, ки масъулини ҶДММ «Умед 88» боз аз бонкҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» ( 26 млн. сомонӣ) ва ҶСК «Агроинвестбонк» (4,5 млн. доллари ИМА) маблағҳои қарзӣ ба миқдори махсусан калон гирифтаанд.
Нисбат ба Раҷабалӣ Одинаев, Идибек Ибрагимов ва дигарон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди «б», 264 қисми 2 ва 295 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






