Номаи сипоси Сафири Россия дар Тоҷикистон ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 4.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов номаи сипос расид.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матни нома ба унвони Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва тамоми кормандони вазорат барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор мешавад.
«Рӯзҳо падидаи муҳиме буданд, ки ба рушди муносибатҳои фарҳангию инсондӯстонаи кишварҳои мо таъсири бузург расониданд. Тамошобини тоҷик намоиши гурӯҳҳои ҳунарии русро, ки на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, бо шавқу завқ ва рӯҳбаландии зиёд истиқбол намуд.
Боварӣ дорем, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду кишвар мусоидат мекунанд.
Дар навбати худ мо омодаем, ки ба омодагӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар соли оянда кумаки худро расонем», — омадааст дар нома.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






