Оҳангсози машҳур Фируз Баҳор ба Тоҷикистон омад

Октябрь 30, 2017 15:27

ДУШАНБЕ, 30.10.2017./АМИТ «Ховар»/.  28 октябр композиори маъруфи тоҷик,  Корманди шоистаи фарҳанги   Тоҷикистон Фируз Баҳор ба Тоҷикистон омад.

Тавре аз Вазорати фаҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз,  30 октябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши балети «Мақоми ишқ»-и Фирӯз Баҳор дар назар аст.

Худи ҳамон рӯз композитор бо донишҷўёни консерваторияи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.

Фирӯз Баҳор  28 октябр дар ҷамъбасти Ҷашнвораи ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони хунарманд «Сапеда»  («Рассомони ҷавон» ва «Навозандагони ҷавон»), ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор шуд, ширкат кард.

«Шоми 30 октябр дар театри мазкур намоиши балети «Мақоми ишқ»-и Фирўз Баҳор дар назар аст. Имрўз инчунин композитор бо донишҷўёни консерваторияи миллии Тоҷикистон вохўрӣ анҷом хоҳад дод», —омадааст дар хабарнома.

Рўзҳои 31 октябр ва 1 ноябр вохўрии Фирўз Баҳор бо намояндагони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таълимии соҳаи санъат ва намоиши барномаи консертӣ дар назар аст.

Новый рисунок (1) Фирӯз Баҳор соли 1942 дар Душанбе, дар оилаи сарояндагони опера Хоҷи Аҳмадов ва Мулук Баҳор ба дунё омада,  чанд муддат аз айёми наврасиаш дар шаҳри Москва низ  гузаштааст. Соли 1971, баъди хатми шуъбаи фортепианои Донишкадаи мусиқи-педагогии ба номи Гнесинҳои Москва ба факултаи композитории Консерватории давлатии Тошканд дохил шуд. Пас аз итмоми консерватория ӯ ба Душанбе баргашта, то оғози солҳои 90-ум барои Ватани азимзаш Тоҷикистон хидмат кардааст. «Солҳои  зиндагиам  дар Тоҷикистон беҳтарин солҳои умрам буданд», — ба ёд меорад оҳангсози маъруф.

Фирӯз Баҳор солҳои 70-80-уми асри гузашта дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе дарс дода, ба ҳайси котиби Иттифоқи композиторони Тоҷикистонкор кардааст. Солҳои 1986-1996 дар шаҳрҳои Москва, Киев, Новосибирск, Лондон ва Рим бо барномаҳои ҳунарӣ баромад намудааст.

Фирӯз Баҳор муаллифи чандин асарҳои баланмазмуни мусиқӣ, аз қабили достони симфонии «Мароқанд», асарҳои камеравӣ ва сурудҳои халқӣ буда, ба бисёр филмҳои ҳунарии «Тоҷикфилм» ва киностудияҳои дигари собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мусиқи навиштааст.

22 соли охир Фирӯз Баҳор ҳамроҳи завҷааш Эрна Гейзер дар пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Германия – шаҳри Берлин зиндагонӣ мекунад.

19 ноябр ба зодрӯзи Фирӯз Баҳор расо 75 сол пур мешавад.

 

Октябрь 30, 2017 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Тоҷикаэронавигатсия» ба зиёда аз 14 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
Баҳри Хазар то соли 2050 метавонад то сатҳи хатарноктарин паст шавад
Дар Ҳиндустон бар асари тирпаронии ҷангҷӯён 27 сайёҳ ҳалок гардид
Рӯзҳои охири моҳи апрел дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 27 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият меёбад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар соҳили дарёи Сир ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Замин хонаи умумии мо буда, муназзамии табиати сайёраро бояд нигоҳ дошт
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
«Интернет барои хона» боз дар се маҳаллаи дигари Душанбе пайдо шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад