ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон дар баландии 3000 метр барф меборад
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва боронӣ шуда, дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 октябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб дар як сония 4-9 метр мевазад. Дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, дар водиҳо рӯзона 30 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар ноҳияҳои шимоли кишвар абрноки боронӣ шуда, раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабонгоҳ дар баландиҳои 3000 метр борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорат рӯзона дар водиҳо 24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 18 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносони кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро пешгӯӣ мекунанд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят 21-26 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ҳамин вилоят 9-14 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок, раъду барқ ва боридани боронро пешгӯӣ мекунанд. Шабона дар баландиҳои 3000 метр борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 27 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва пастшавии ҳарорат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 26 дараҷаро ташкил медиҳад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






