ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои боронӣ ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз, 23 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22, дар шарқи вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнокро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






