ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳарорат дар назар аст

Октябрь 10, 2017 08:25

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар  ҳавои камабри беборишро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати паст пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои тағйирёбандаи ноустуворро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрӣ гашта, вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 6-8  ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад.

Октябрь 10, 2017 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид