ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои офтобӣ дар назар аст

Октябрь 9, 2017 09:43

ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар  ҳавои тағйирёбандаи  беборишро пешгӯӣ намуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда ва ҳарорати паст пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 17-22 ва дар шарқи вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои ноустуворро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят тағйирёбандаи абрӣ гашта, дар ағбаҳо фароманди туман дар назар аст. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат 9-14 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи ноустувор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона паст шуда, ба 17-22 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 9-11  ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 9, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад