ОБУ ҲАВО: имрӯз дар кишвар ҳавои офтобӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 20-25 ва дар шарқи ҳамин вилоят 8-13 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрӣ гашта, вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад.








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






