ОБУ ҲАВО: имрӯз дар кишвар ҳавои офтобӣ дар назар аст

Октябрь 11, 2017 08:48

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар  ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 20-25 ва дар шарқи ҳамин вилоят 8-13 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрӣ гашта, вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 6-8  ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад.

Октябрь 11, 2017 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад