ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои кишвар баландшавии ҳарорат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 28-33 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 2-7 метр мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 21-26 ва дар шарқи ҳамин вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои камабри тағйирёбандаро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрӣ гашта, вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 27-32 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар кишвар то 17 октябр боқӣ мемонад.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






