ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боронӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз, 24 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22, дар шарқи вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон пешбинӣ мешавад. Дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 21-26 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.








Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд






