ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боронӣ дар назар аст

Октябрь 24, 2017 09:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе  минтақаҳо борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 24 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22, дар шарқи вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон пешбинӣ мешавад. Дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 21-26 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 3-5  ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 24, 2017 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад