Огоҳии Агентии обуҳавошиносӣ: пагоҳ дар ҷумҳурӣ вазиши боди сард ва боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор, вазиши боди сард, дар баъзе минтақаҳо дар баландии 2500 метр боридани барф, пастшавии ҳарорати ҳаво ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба огоҳии ин Агентӣ, 4 октябр бо назардошти вазиши боди сард аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои номусоид пешбинӣ карда мешавад. Вазиши сахти шамол аз самти шимолу ғарб ба 17-22 метр дар як сония расида, дар водиҳо пастшавии ҳарорат то 11-16 дараҷа дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа аз вазиши сахти бод чангу ғубор ба амал омада, дар доманкӯҳҳо бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ҷануб 12-17 метр дар як сония мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 2500 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 7-12 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи ноустувор шуда, дар баландиҳои 2500 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар мерасад.
Обуҳавошносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, шабона 12-14 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






