ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар водии Рашт 3000 тонна гандум ва зиёда аз 250 тонна картошка захира намудааст
РАШТ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» ва барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти хӯрокӣ ба аҳолии ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ноҳияҳои Рашту Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш бо нархи арзон шакар, равған, биринҷ, макарон, марҷумак, нахӯдпора, ярмаи ҷав, гандум ва орди босифат пешниҳод намудааст. Дар ин бора директори корхонаи мазкур Хусрав Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар ноҳияҳои мазкур 472 тонна орд, 28 750 кг шакар, 17 570 кг равған, 21 075 кг макарон, 4550 кг нахӯдпора, 8250 кг марҷумак, 3225 кг ярмаи ҷав, 19 625 кг биринҷ ва 15 000 литр маводи сӯзишворӣ захира дорад. Барои истеҳсол намудани орди хушсифат дар корхонаи истеҳсоли орд 3000 ҳазор тонна гандум захира намудаанд. Инчунин ба хотири кам намудани кишти гандум дар минтақа ва зиёд намудани кишти картошка бо нархи арзон ба аҳолии ин минтақа зиёда аз 100 тонна гандум пешниҳод намудаанд.
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба хотири танзими нархи картошка дар фасли зимистону баҳор дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 250 тонна картошка захира намудааст. Тибқи иттилои масъулин, захиранамоии картошка дар моҳҳои наздик ба 500 тонна мерасад. Картошкаи захиранамуда хушсифат буда, ҳосили имсолаи картошкапарварони ноҳияи Лахшу деҳқонони ин минтақа мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






