Пахтакорони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда доданд. Бино ба иттилои бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, пахтакорони вилоят аз шароити мавҷуда ва боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, нақшаи муайянгардидаро сарбаландона иҷро намуданд.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, кишоварзони вилоят мебоист 95 000 тонна пахта истеҳсол менамуданд. То 23 октябр дар вилояти Суғд 96 ҳазору 969 тонна «тиллои сафед» истеҳсол гардид, ки ба 102,1 фоизи нақша баробар аст.
Бояд зикр кард, ки кишоварзони вилояти Суғд бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироат, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






