Парлумон ба лоиҳаи қонун дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он тағйирот ворид менамояд
ДУШАНБЕ,09.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Рустам Латипов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, ҳадафаш мутобиқ намудани талаботи он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои кишвар мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






