Пешвои миллат аз афзоиши аҳолӣ ва нарасидани ҷойҳои нишаст дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ сухан гуфтанд

Октябрь 3, 2017 12:01

ДУШАНБЕ, 03.10.2017/АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014- 2020» қабул гардидааст, ки мутобиқи он дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёд намудани 30 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ  дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59-и  деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баён доштанд.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар ин росто,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони соҳаи маориф барои иҷрои барномаи зикршуда ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла дар самти бунёди боғчаву кӯдакистонҳои хусусӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тибқи маълумот, раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, сатҳу сифати дониши хонандагон низ ба талабот ҷавобгӯ мебошад.  Шумораи дохилшавандагон аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Ин нишондиҳанда дар соли равон беш аз 2600 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2015-2016-ум 460 нафар зиёд мебошад.

Назар ба андешаи  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, алҳол беш аз 5000 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҷумла 122 нафар тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва 260 нафар дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Ин нишондиҳандаи умедбахш натиҷаи заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва робитаи хуби онҳо бо падару модарон буда, албатта, қобили таҳсину дастгирӣ мебошад.

Инчунин Президенти мамлакат афзуданд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 5300 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки 3400 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Яъне қисми асосии ҳайати омӯзгорон занон мебошанд, ки ин дастоварди назаррас дар самти ҷалби занону бонувон ба раванди таълиму тарбия ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки 90 фоизи омӯзгорони мактабҳои ноҳия соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.

Ҳамзамон  Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо  зикри мушкилоти соҳаи маориф дар ноҳияи Рӯдакӣ иброз намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи маорифи ноҳия, баъзе камбудиву мушкилот, аз ҷумла норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ, забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, инчунин ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон ҷой доранд, ки роҳбарону мутахассисони соҳа бояд онҳоро ҳарчи зудтар ҳал намоянд. Ҳамчунин зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби ҳарчи бештари фарзандони аҳолии ноҳия ба марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, дарёфти истеъдодҳо ва инкишофи кӯдакон эътибори хосса зоҳир намуда, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои таъсис додани муассисаҳои томактабии хусусӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид карданд, ки тибқи таҳлилҳо дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи деҳаи Гулбутта ва умуман дар ҳамаи деҳоти ноҳия афзоиши аҳолӣ ва нарасидани ҷойҳои нишаст дар мактабҳо хеле зиёд мебошад ва роҳбарони Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд доир ба ин масъала тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

Октябрь 3, 2017 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад