Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар 10 соли охир барои дастгирии соҳибкории бонувон зиёда аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст»
ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳор намуданд, ки дар даҳ соли охир барои дастгирии соҳибкории бонувон, ба касбомузӣ ҷалб намудани занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз ҳисоби грантҳои президентӣ зиёда аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Роҳбари давлат ташкили 22 фоизи субъектҳои соҳибкории кишвар аз ҳисоби бонувони соҳибкор, ташкил намудани 10 фоизи роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби занону бонувон ва роҳбарии 25 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии амалкунандаро аз ҳисоби бонувони фаъоли мамлакат, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 даҳ баробар зиёд мебошад, ба фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста донистанд.
Дар иртибот ба ин, Президенти мамлакат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки минбаъд ҳам ташаббусҳои созандаи занони соҳибкорро пайваста дастгирӣ намоянд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






